Ёрии пойгоҳи низомиёни дивизияи «201» дар ҳодисаҳои фавқулодда
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар машварати махсусе, ки бо иштироки фармондеҳи низомии пойгоҳи низомии дивизияи 201»- уми Русия Сергей Рюмшин доир гардидааст, гуфта мешавад, ки низомиён дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар зимни рух додани ҳолатҳои фавқулодда чораҳои пешгириву огоҳкунӣ рӯи кор оварда ва барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ кӯмак хоҳанд кард.Бо ин мақсад дар шаҳраки низомии Кӯлоб гурӯҳи махсус оид ба пешгирӣ ва бартараф намудни оқибатҳои обхезӣ таъсис дода шудааст. Ҳайати гурӯҳ аз воҳидҳои муҳандисӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ иборат буда, бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст,- иттилоъ доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб ба мухбири АМИТ «Ховар».








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






