Зарари боришот ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – 21 – уми апрел дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар натиҷаи боридани борон ба хонаҳои сокинони кӯчаҳои Содиқов, Хати роҳ, Куйбишев, Фрунзе, Сино, биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои Шохин, Борбад, И.Сомонӣ, 50 — солагӣ ва ба як қатор заминҳои назди ҳавлигӣ зарари ҷиддӣ расид. Ба кӯпрукҳои роҳи Кӯлоб — Мӯъминобод дар километри 11 – ум, роҳи Душанбе — Кӯлоб – Хоруғ дар километри 206, роҳи Сангпар — аэропорт дар километри 1 – ум, роҳи Даҳана – Хонобод, Гулистон – Хонобод аз ду тарафи роҳ зарари ҷиддӣ расидааст. Дар айни замон вазъ пурра таҳти назорат мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






