Ғарқшавии 2 нафар ҳангоми шиноварӣ
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- 29 май соати 13: 10 дар деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҳангоми шиноварӣ дар кӯли моҳипарварии хоҷагии ҷангали вилоят ду сокини деҳаи Барчид, ки соли таваллудашон 1998 буданд, ғарқ шуданд. Баъди гирифтани маълумот соати 13:24 дақиқа, гурӯҳи наҷотдиҳандагони ситоди вилоятӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд. Ҳангоми бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони ситод соати 14:10 дақиқа ҷасадҳои харду (яке духтар, дигаре писар) ба хешовандонашон супорида шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки дар мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, ҳангоми оббозӣ эҳтиёткориро риоя намоянд.Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кўлҳо соли сипаригашта дар кишвар 118 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардида буд.Бинобар ин барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кӯлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунед.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






