Ғарқшавии 2 нафар ҳангоми шиноварӣ

Май 30, 2012 09:31

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- 29 май соати 13: 10 дар деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҳангоми шиноварӣ дар кӯли моҳипарварии хоҷагии ҷангали вилоят ду сокини деҳаи Барчид, ки соли таваллудашон 1998 буданд, ғарқ шуданд. Баъди гирифтани маълумот соати 13:24 дақиқа, гурӯҳи наҷотдиҳандагони ситоди вилоятӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд. Ҳангоми бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони ситод соати 14:10 дақиқа ҷасадҳои харду (яке духтар, дигаре писар) ба хешовандонашон супорида шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки дар мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, ҳангоми оббозӣ эҳтиёткориро риоя намоянд.Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кўлҳо соли сипаригашта дар кишвар 118 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардида буд.Бинобар ин барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кӯлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунед.

Май 30, 2012 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад