Ғолибони фестивал муайян шуданд
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Натиҷаи Фестивал — озмуни якуми Театрҳои беҳтарини касбӣ ва ҷавонон, ки дар Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Аз ҷумлаи 20 театру гурӯҳҳои касбию ҳаваскорон 8 дастаи беҳтарин интихоб гардид. Гурӯҳи ҷавонони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд барои намоишномаи «Модари аз тоқати таҳқир хаста» сазовори мукофоти асосӣ дар бахшҳои «Мусиқии беҳтарин» ва «Ороиши беҳтарин» гардид. Дар бахши «Нақши беҳтарини мард» мукофоти асосӣ насиби иҷрокунандаи нақши асосӣ дар намоишномаи зикршуда Ғайрат Қодиров гардид. Бастакори ҷавон Фаррух Мамадов, рассом ва иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ дар ин намоишнома Фарҳод Тӯхташев низ сазовори мукофот шуданд.Дар бахшҳои «Нақши беҳтарини зан» ва «Коргардони беҳтарин» дар намоишномаи «Бахт» — и драматурги рус Л.Разумовская ҳунарпешагон Раъно Раҳматуллоева ва Сӯҳроб Шехов мукофот гирифтанд.Ғолибон бо дипломҳо, ҳамчунин тӯҳфаҳои қимматбаҳо қадр карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






