Қадрдонии Мӯъмин Қаноат дар Волгоград
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Дар ҳошияи лоиҳаи «Мо хеш будем, мо ҳамсоя шудем, мо дӯст мешавем» дар охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Волгогради Русия маҳфили назми тоҷик баргузор гардид. Дар маҳфили эҷодӣ онҳое, ки корнамоиҳои қаҳрамононаи сарбози шӯравӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонро дар хотир доранд, порчаҳоро аз достони «Сурӯши Сталинград» — и Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат қироат намуданд.Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Иттифоқи тоҷикистониёни Русия бо истинод ба маъмурияти ҳокими вилояти Волгоград, дар ин маҳфил ҳаводорони сершумори шоири маҳбуби тоҷик ҷамъ омада буданд. Дар хотимаи маҳфил ҳозирон унвонии Мӯъмин Қаноат, ки 20 майи соли ҷорӣ 80 – солагии зодрӯзаш таҷлил гардид, табрикномаи дастаҷамъӣ қабул намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






