Қонуни нав дар баррасии парлумон
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» дар ҷаласаи навбатии Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 8 май таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд. Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт: дар раванди рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа арзишҳои наве ба вуҷуд меоянд, ки ин таҷдиди назари онҳоро тақозо менамояд. Аз ин раванд фарҳанг, ки фаъолияти осорхонаҳо ҷузъи таркибии он аст, истисно набуда, зарурати танзими ҳуқуқии муносибатҳои соҳаро пеш меорад. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонун бо мақсади аз байн бурдани номувофиқатӣ ва мухолифати байни меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқати дохилии қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






