Қонуни навро Парлумон баррасӣ кард
Душанбе, 21 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» 21 май дар ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва «Дар бораи ихтироъ»-ро муҳокима намуданд. Масъалаҳои мазкур ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 23 май доир мегардад, пешниҳод шуданд.11.50.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






