Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар 4 моҳ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар, Лаззат Диловарзод»).- Дар Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 дар ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 2 млрд.559 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 14 млн. 92 ҳазор сомонӣ, Суғд-1млрд 498 млн.400 ҳазор сомонӣ, Хатлон-1млрд.528млн.210ҳазор сомонӣ, шаҳри Душанбе – 275 млн.90 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ба миқдори 379 млн.775 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардаи корхонаҳои саноатӣ 2 млрд. 538,6 млн. сомонӣ ё 99,2 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил дод.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз 920 корхонаи истеҳсолӣ 408 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 бештар маҳсулот истеҳсол намуда бошанд ҳам, аммо 231 корхона умуман фаъолият накарданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 5 корхона, Суғд-40, Хатлон-69, дар НТҶ 86 ва ҳатто дар шаҳри Душанбе 31 корхона фаъолият накарда бошад ҳам, Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо» амалӣ нашуд, чаро? Саволест, ки аз масъулин ҷавоб мехоҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






