Ҳайати Арабистони Саудӣ дар Душанбе

Май 15, 2012 10:47

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Абдураҳим Холиқов бо ҳайати кишвари Арабистони Саудӣ, ки таҳти сарварии вакили Вазорат доир ба корҳои ислом, авқоф, даъват ва иршоди Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулъазиз ибн Абдуллоҳ ал Аммор ба роҳ монда шудааст, баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишвари Арабистони Саудӣ таърихи беш аз ҳазорсола доранд. Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба табодули ҳамкориҳо ибрози андеша намуданд.

Май 15, 2012 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд