Ҳайати Арабистони Саудӣ дар Душанбе
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Абдураҳим Холиқов бо ҳайати кишвари Арабистони Саудӣ, ки таҳти сарварии вакили Вазорат доир ба корҳои ислом, авқоф, даъват ва иршоди Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулъазиз ибн Абдуллоҳ ал Аммор ба роҳ монда шудааст, баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишвари Арабистони Саудӣ таърихи беш аз ҳазорсола доранд. Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба табодули ҳамкориҳо ибрози андеша намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






