Ҳайати парлумонӣ ба Русия меравад

Май 8, 2012 11:06

Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 май як ҳайати баландпояи парлумонии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Иттиҳоди иқтисодии парлумонии АвруОсиё, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва Конгресси 5-уми байналмилалии экологии Нева ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия меравад.  Исмоил Талбаков, вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба ҳайат 12 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ва раисони Кумитаҳои марбутаи палатаи поёнии парлумони мамлакат шомиланд. Онҳо дар ҷаласаҳои ниҳодҳои парлумонӣ ширкат намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки масъалаҳои рўзномаи ҷаласа ва гурўҳҳои корӣ, ки фарогири масоили тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоиянд, маърўза ва табодули назар менамоянд. Исмоил Талбаков зимни посух ба савол, ки то чӣ андоза ниҳодҳои байнипарлумонии ИДМ ва СААД дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ ва ҳалли масоили дар бахши иқтисод ва дигар соҳаҳо вуҷуд дошта нақш мебозанд, гуфт: Ассамблеи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви СААД ва Иттиҳоди иқтисодии байнипарлумонии АвруОсиё мақомоти баландпояе дар доираи ИДМ буда, дар тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҳалли масоили вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бо ҳам наздик намудани робитаҳою ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқнамоии қонунҳо нақши муассир мебозанд. Исмоил Талбаков афзуд, ки ниҳодҳои байнипарлумонӣ тавонистаанд риштаҳои гусастаи робитаҳои қаблиро байни кишварҳои ИДМ пайванд созанд ва ҳамчун муҳаррики пешбаранда мақоми шоиста доранд.

Май 8, 2012 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад