Ҳамкориҳо бо GIZ вусъат меёбанд
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ривоҷи робитаҳо бо Ҷамъияти олмонӣ доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори он аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, намояндагони вазорату идораҳои марбута ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҳайати Ҷамъияти олмонӣ доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таҳти роҳбарии хонум Каринна Кузел ширкат варзиданд. Дар мизи мудаввар асосан масъалаҳои рушди иқтисодии бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон, шартҳои вижа ва маблағгузории рушди бахши хусусӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






