Ҳамкориҳои дуҷониба густариш меёбанд
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори ҳамоҳангсозӣ бо тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри вусъат бахшидани муносибат бо Фонди Оғохон барои рушди иқтисодӣ ҳамеша омода аст, зикр намуд дар рафти мулоқот муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ҳамидуллохон Фақеров бо гурӯҳи коршиносони Фонди Оғохон доир ба рушди иқтисодӣ 3 майи соли равон. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот роҳбари гурӯҳи коршиносони Фонди Оғохон доир ба рушди иқтисодӣ Лутаф Касам дар навбати худ дар бораи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, энергетика, кишоварзӣ, тақвияти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар, сайёҳӣ ва дигар самтҳои бахши иҷтимоӣ изҳори ақида кард ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд. Аз рӯи иттилои манбаъ, дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






