Ҳамоиши машваратӣ-минтақавӣ дар ноҳияи Ҷиргатол
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 25 Бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол оид ба теҳнологияи парвариши картошкаи тухмӣ ҳамоиши машваратӣ- минтақавӣ доир гардид.Дар кори ҳамоиш вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони як қатор хоҷагиҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ иштирок намуда оид ба технологияи парвариши картошкаи тухмӣ ба кишоварзон маслиҳатҳои муфиди методӣ доданд. Ҳамзамон ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба агротехникаи парвариши картошкаи тухмӣ ва қоидаҳои нигоҳдории он дар мисоли хоҷагиҳои Қуҳистони Мастчоҳ аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дастурамал пешниҳод карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






