Ҳамойиши ҷавонони манотиқи кишвар дар Хатлон

Май 24, 2012 14:02

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар заминаи қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол инҷониб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар «Ҳафтаи ҷавонон» таҷлил мегардад ва сол ба сол чорабиниҳои он хусусияти нав касб мекунанд.   Соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббуси ҷавонон- ояндаи дурахшони Тоҷикистон» таҳия намуд, ки тибқи он аз 10 то 23 май дар марказ ва саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ, оммавию варзишӣ доир гардиданд. Аз 21 то 23 майи соли равон дар навоҳии вилояти Хатлон Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 85 нафар намояндаи ҷавонон аз кулли минтақаҳои кишвар- вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар фестивал намояндагони манотиқи мазкур иборат аз роҳбарони ҷавон, ҳунармандону эҷодкорон, рӯзноманигорону муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёну идроргирандаҳои президентӣ ширкат варзиданд. Тибқи барномаи тарҳрезишуда намояндагони ВМКБ ба навоҳии Бохтару Вахш, вилояти Суғд ба навоҳии Ҷалолуддини Румиву Панҷ, навоҳии тобеи марказ ба навоҳии Ёвону А. Ҷомӣ ва шаҳри Душанбе ба навоҳии Қубодиёну Шаҳритӯси вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Чорабиниҳое, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангии ҷавонон сурат гирифтанд, дар ин манотиқ дар сатҳи баланди ҷамъиятию сиёсӣ доир шуданд. Чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишию мубоҳисавӣ, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои баландмазмун мӯҳтавои асосии барномаи чорабинии мазкурро ташкил доданд. Ҳамчунин 23 май дар маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатие, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар “Кохи Лоҳутӣ”-и шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид, муовини сарвазир Руқия Қурбонова, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ муовини Сарвазир Руқия Қурбонова матни табрикоти Президенти кишварро бахшида ба Рӯзи ҷавонон қироат намуд. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов низ ҳозиринро бо ин санаи фараҳбахш табрик намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳо ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари ҳукумат ҳамеша бар он саъй намоянд, то дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳим бошанд. Ҳамзамон дар чорабинӣ Мавзуна Чориева- муштзандухтари тоҷик, ки муқими минтақаи Хатлон аст, барои ба даст овардани роҳхат ба олимпиадаи Лондон-2012 аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷоизаи нақдӣ қадрдонӣ шуд. Муҳимтар аз ҳама натиҷаи чорабинӣ нишон дод, ки дӯстии ҷавонони Тоҷикистон канданашаванда аст, ҷавонон бо нерӯи худ ба корҳои назаррас қодиранд, онҳо воқеан ояндасозанд. Аз чеҳраҳои иштирокчиён пай бурдан мумкин буд, ки онҳо бо таассуроти бою рангин аз минтақаи Хатлонзамин баргашта, ҳадаф ва ғояи асосии онро, ки аз ваҳдату ягонагӣ сарчашма мегирад, на танҳо миёни ҷавонони кишвар, балки миёни кулли аҳолии Тоҷикистони азиз ташвиқ хоҳанд кард.

Май 24, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст