Ҳамойиши ҷавонони манотиқи кишвар дар Хатлон
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар заминаи қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол инҷониб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар «Ҳафтаи ҷавонон» таҷлил мегардад ва сол ба сол чорабиниҳои он хусусияти нав касб мекунанд. Соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббуси ҷавонон- ояндаи дурахшони Тоҷикистон» таҳия намуд, ки тибқи он аз 10 то 23 май дар марказ ва саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ, оммавию варзишӣ доир гардиданд. Аз 21 то 23 майи соли равон дар навоҳии вилояти Хатлон Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 85 нафар намояндаи ҷавонон аз кулли минтақаҳои кишвар- вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар фестивал намояндагони манотиқи мазкур иборат аз роҳбарони ҷавон, ҳунармандону эҷодкорон, рӯзноманигорону муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёну идроргирандаҳои президентӣ ширкат варзиданд. Тибқи барномаи тарҳрезишуда намояндагони ВМКБ ба навоҳии Бохтару Вахш, вилояти Суғд ба навоҳии Ҷалолуддини Румиву Панҷ, навоҳии тобеи марказ ба навоҳии Ёвону А. Ҷомӣ ва шаҳри Душанбе ба навоҳии Қубодиёну Шаҳритӯси вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Чорабиниҳое, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангии ҷавонон сурат гирифтанд, дар ин манотиқ дар сатҳи баланди ҷамъиятию сиёсӣ доир шуданд. Чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишию мубоҳисавӣ, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои баландмазмун мӯҳтавои асосии барномаи чорабинии мазкурро ташкил доданд. Ҳамчунин 23 май дар маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатие, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар “Кохи Лоҳутӣ”-и шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид, муовини сарвазир Руқия Қурбонова, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ муовини Сарвазир Руқия Қурбонова матни табрикоти Президенти кишварро бахшида ба Рӯзи ҷавонон қироат намуд. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов низ ҳозиринро бо ин санаи фараҳбахш табрик намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳо ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари ҳукумат ҳамеша бар он саъй намоянд, то дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳим бошанд. Ҳамзамон дар чорабинӣ Мавзуна Чориева- муштзандухтари тоҷик, ки муқими минтақаи Хатлон аст, барои ба даст овардани роҳхат ба олимпиадаи Лондон-2012 аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷоизаи нақдӣ қадрдонӣ шуд. Муҳимтар аз ҳама натиҷаи чорабинӣ нишон дод, ки дӯстии ҷавонони Тоҷикистон канданашаванда аст, ҷавонон бо нерӯи худ ба корҳои назаррас қодиранд, онҳо воқеан ояндасозанд. Аз чеҳраҳои иштирокчиён пай бурдан мумкин буд, ки онҳо бо таассуроти бою рангин аз минтақаи Хатлонзамин баргашта, ҳадаф ва ғояи асосии онро, ки аз ваҳдату ягонагӣ сарчашма мегирад, на танҳо миёни ҷавонони кишвар, балки миёни кулли аҳолии Тоҷикистони азиз ташвиқ хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






