Ҳисоботи миллӣ доир ба рушди инсон
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — Дар шаҳри Душанбе муаррифии расмии ҳисоботи миллӣ доир ба рушди инсон 2011: «Тоҷикистон: институтҳо ва рушд», ки ба масоили нерӯи институтсионалӣ дар мавриди рушди инсонӣ бахшида шудааст, баргузор гардид. Мақсади асосии лоиҳа пешбарии консепсияи рушди инсонӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва хосса дар байни ашхосе, ки қарор қабул мекунанд, мебошад, то ки он ҳамчун заминаи маҳакҳои асосӣ барои муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон тасдиқ ва эътироф гардад. Ҳисоботи миллӣ аз тарафи гурӯҳи мушовирони соҳаҳои идораи давлатӣ, бахши воқеии иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ҳифзи муҳити зист мураттаб гардидааст.Дар айни замон Тоҷикистон аз рӯи шохиси рушд тибқи ҳисоботи глобалӣ доир ба рушди инсонии соли 2011 дар байни 187 кишвар дар ҷойи 112 меистад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавқеъ пеш аз ҳама ба шарофати ҳифзи стандартҳои баланд дар соҳаи маориф ва нисбатан дарозии умри миёнаи мардону занон қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






