Ҳолати тандурустӣ дар шаҳри Панҷакент беҳтар шуд
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- «Лоиҳаи барқароркунии шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент» бо маблағи умумии 106.314 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаи амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ гашта буд, бомуваффақият ба анҷом расид. 23 майи соли равон Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Бобоҷон Домуллоев, ҷонишини якуми раиси шаҳри Панҷакент дар маросими анҷоми лоиҳаи барқарорсозии шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент иштирок варзиданд. Аз соли 1973- замони сохтмони шӯъбаи таваллуд бемористон таъмири куллиро надида буд. Бино барои истифода мувофиқ набуд, хатҳои таъмини барқ ба меъёри техникӣ ҷавоб намедоданд. Зиёда аз ин, ҳолати бинои фарсуда ба таҷҳизоти тиббӣ зарар мерасонид, ки он расонидани ёрии тиббии мувофиқро дар бемористон мушкил менамуд. Ба воситаи лоиҳаи мазкур тирезаҳо ба тирезаҳои пластикӣ, хатҳои дохилии барқ таъмини об иваз гашта, ду бинои шӯъбаи таваллуд, дар маҷмӯъ 1876 метри мураббаъ таъмир шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






