Ҳукуматдорони Шветсия Ҷулио Ассанҷро айбдор менамоянд
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар»).- Додгоҳи олии Британияи Кабир масъалаи ба Шветсия интиқол додани асосгузори сомонаи «Викиликс» Ҷулио Ассанҷро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳукуматдорони Шветсия Ҷулио Ассанҷро дар амалҳои шаҳвонӣ айбдор менамоянд. Вале худи Ассанҷ ин айбномаҳоро беасос хонда, онҳоро дорои хусусияти сиёсӣ маънидод кард. Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Лондон дар бораи интиқоли Ассанҷ ба Шветсия қарор қабул кард, вале ҳимоятгарон тавонистанд, ки ин иқдоми додгоҳро бекор намоянд.Ин дафъа барои бекор кардани ҳалномаи додгоҳ Ассанҷ метавонад ба додгоҳи байналмилалии ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






