Ҷаласа дар Вазорати молия

Май 28, 2012 09:44

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳалли масъалаи ихтисор намудани кормандони мақомоти идораи давлатӣ баргузор гардид. Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи корӣ ба манзури иҷрои банди 7 нақша – тадбирҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 бармеоянд, таъсис ёфта буд.Дар ҷаласа роҳбари гурӯҳи корӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов аъзои гурӯҳи кориро бо вазифаашон ошно намуда, имконияту аҳамияти фаъолияти гурӯҳи кориро иброз дошта ва нақшаи кориро манзури иштирокдорони ҷаласа намуд. Аъзои гурӯҳи корӣ дар муҳокимаи масъалаи ихтисор намудани кормандони мақомоти идораи давлатии вазорату идораҳои мамлакат фаъолона иштирок намуда, фикру пешниҳодҳояшонро баён карданд.Вазири молияи кишвар натиҷаи ҷаласаро ҷамъбаст карда, аъзои гурӯҳи кориро даъват намуд, ки ҳамаи тадбирҳои ба нақша гирифташударо ба манзури ҳалли судбахши вазифаҳои ба миён гузошташуда сари вақт ва хушсифат иҷро кунанд.

Май 28, 2012 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад