Ҷамъбасти мусобиқаи варзишии сохторҳои қудратӣ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Аз 11 то 13 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиши ҳарбии амалӣ байни сохторҳои қудратии кашвар баргузор гардид. Дар чорабинӣ дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Агентии маводи мухаддир, Гвардияи миллӣ ва Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ аз рӯи варзиши сабук ва футболи хурд баргузор гардид. Дар футболи хурд дастаҳои Агентии назорати маводи нашъаовар бо дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои ҷои 3-юм рақобат намуда, дастаи Агентии назорати маводи нашъаовар сазовори ҷои сеюм гардид. Дар вохӯрии финалӣ дастаи Вазорати корҳои дохилӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рақобат намуда, дастаи Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷои аввал гардида, дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷои дуюмро ишғол намуд. Ба ғолибон ва ҷоизадорон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Неъматов ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов Ҷом, медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






