Ҷамъомади фарҳангии ҷавонон
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз дар боғи «Дӯстии халқҳо» бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҷамъомади фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва дастаи ҳунарии он «Соҳибкор» атрофи мавзӯъоти огоҳию бедории насли ҷавон ва шинохти арзишҳои миллӣ, асолат ва ҳуввияти миллӣ дар шароити кунунӣ маҳфили шеъру суруд ороста, роҳу василаҳои раҳнамун сохтани ҷавононро ба самти бедории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.Ҷамъомади фарҳангӣ бо ташаббуси ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ва идораҳои дахлдори ноҳия ташкил гардид.Тавре ки раиси созмони ҷавонони факултети хизмати молиявӣ Саидаҳмад Аминов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар доираи ҳафтаи ҷавонон бо ташаббуси Шӯрои бонувони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар толори донишкадаи мазкур озмуни «Донотарин, зеботарин, беҳтарин» гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






