Ҷараёни Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш Бозиҳои варзишии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи 10 намуди варзиш: волейбол, баскетбол, гӯштини тарзи озод, гӯштини дзюдо, гӯштини самбо, гӯштини миллӣ, бокс, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, таеквондо ВТФ дар се марҳила баргузор менамояд. Дар айни замон натиҷаи 4 мусобиқа: тенниси рӯйи миз (24-28 апрел дар шаҳри Душанбе), гӯштини миллӣ (25-26 апрел дар ноҳияи Рашт), варзиши сабук (30 апрел-1 май дар Душанбе), баскетбол (1-6 май дар шаҳри Истаравшан) дар доираи Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон доир шуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






