Ҷашнгоҳи Рўзи ҷаҳонии муҳити зист куҷост?

Май 28, 2012 14:34

Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 5 июн дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад.  Бобати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин сана шаҳрдори Душанбе қарор ба тасвиб расонд, ки дар асоси он 5 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дўстии халқҳо»-и Душанбе Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мешавад. Шаҳрдорӣ ҳамзамон дар доираи татбиқи барномаҳои экологӣ дар пойтахт, баргузории як қатор чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст. Доир намудани амалиёти «Тозагии соҳил» дар каналу селпартоҳо ва ҳавзаҳои дар ҳудуди пойтахт буда ва амалиёти «Тозагии маҳал» дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр далели ин гуфтаҳост. Инчунин дар ин давра дар маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, маърифати экологии сокинон такмил дода мешавад. Ташкили сўҳбату мизи мудаввар дар мавзўи маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ, ба намоиш гузоштани «Гӯшаҳои табиат», расмҳо дар мавзӯъҳои экологӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ бо иштироки фаъолони гурӯҳи «Патрули сабз» номгўи дигари чорабиниҳои шаҳрдорӣ дар робита ба таҷлили Рўзи ҷаҳонии муҳити зист аст.

Май 28, 2012 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад