Ҷашни кӯдакон дар «Боғи кӯдакон»
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 1-уми июни соли равон дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо иштироки зиёда аз 2000 нафар кӯдаку наврас чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор мегардад. Дар чорабинӣ намоиши ҳунару эҷоди кӯдакон, консерти истеъдодҳои наврас, озмуну викторинаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар доираи чорабинии мазкур инчунин баргузории туйи суннатии 30 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






