Ҷинояткори махсусан хавфнок дастгир гардид
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). -Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, сардори гурӯҳи муташаккил, ҷинояткори махсусан хавфноке, ки дар таъқиб қарор дошт, Худойназар Одинаев, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир гардид. Хамчунин дар натиҷаи корҳои фаврӣ паноҳгоҳи аъзоёни дигари ин гурӯҳи муташаккил шаҳрвандон Шоимқулов Рӯзиқул Олимқулович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ваҳдат ва Холмуродов Хуршедҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Ваҳдат муайян карда шуд. Бояд қайд кард, ки гурӯҳи мазкур дар содир кардани ҷиноятҳои роҳзанӣ, куштор ва авбошӣ даст доштанд. Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, 3-ми марти соли равон дар корхонаи «Обшорон»-и шаҳри Душанбе нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷинояти роҳзанӣ содир намуда , дар натиҷа 7 нафар ҷароҳати вазнин бардошта буданд. Оиди ин ҷиноят шаби 24 ба 25 марти соли 2012, 5 нафар аз аъзои ин гурӯҳи мутшаккили ҷиноятпеша дастгир гардида буданд. Аз рўи шаҳодати онҳо ин гурӯҳи муташаккилро ҷинояткори махсусан хавфнок Худойназар Одинаев роҳбарӣ мекард. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ дар таърихи 17-майи соли ҷорӣ гумонбаршудагон аз паноҳгоҳашон воқеъ дар кӯчаи А. Навоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






