Ҷопон дар ноҳияи Носири Хусрав пойгоҳи обкашӣ сохт
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 16 майи соли 2012 котиби саввуми Сафорати Ҷопон Такааки Коматсу ва Валӣ Ашӯров, раиси ноҳияи Носири Хусрав дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи кишоварзӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав ширкат варзиданд.«Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ дар ҷамоати «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав» ба маблағи умумии 105.384 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид.Ноҳияи Носири Хусрав дар мавзеи дурдаст воқеъ буда, соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии зиндагии мардуми он мебошад. Аз сабаби норасоии об ва истифодаи ғайрисамараноки замин дар ҷамоати «Истиқлол» деҳқонони маҳаллӣ аз камҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ танқисӣ мекашиданд. Норасоии манбаи об ва таъмири нокифояи каналҳои обӣ боиси обёрии танҳо 4 га замин аз 130 га замини мавҷуда гашта буд.Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур барои ба таври лозимӣ обёрӣ намудани зиёда аз 100 гектар замин, қубурҳои оҳании дарозиашон 300 м ва пойгоҳи обкашӣ бо ду обкаш васл карда шуд. Баъди ба итмом расидани лоиҳаи мазкур намудҳои гуногуни сабзавот кишт шуда, 5 га боғи меваноки навбунёд обёрӣ мешавад. Дар натиҷа, ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин мавзеъ беҳтар мегардад. Инчунин ҳаҷми даромади аҳолии маҳаллӣ зиёд шуда, боиси таъмини сатҳи зиндагии хубтар мегардад. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон 282 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






