124 хона бар асари сел дар Кӯлоб зарар дид

Май 12, 2012 11:00

Кӯлоб, 12 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холлов). — Бар асари борони сели субҳи 11-уми май дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб сатҳи оби сойҳои Даҳана ва Зиракӣ баланд гардида, соҳилҳо рахна шуд ва дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зиракӣ 124 манзили зисти сокинон пурра ва қисман, инчунин беш аз 500 гектар заминҳои кишти пахтаю дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқи кооперативи истеҳсолии ба номи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» хароб гардиданд.
Бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба водии Кӯлоб сафар намуда, аз мавзеъҳои зарардида дидан карданд. Сарвазири мамлакат баъди шиносоӣ бо мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида барои ҳарчи зуддат расонидани кӯмаки авалия ба зарардидагон ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барқарор кардани роҳу пулҳо дар ҷаласаи фаврқ, ки дар бегоҳи ҳамон рӯз доир гадид, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ҳаҷми хисироти расида давоми се рӯз муайян гардида, ба Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Май 12, 2012 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад