Ӯрдугоҳҳои мактабиён меафзоянд
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2012» дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ситоди «Тобистони соли 2012» таъсис ёфт, ки ба он роҳбарони кумитаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ ва кормандони масъули Федератсия шомиланд. Тавре мудири шӯъбаи кори фарҳангию оммавӣ ва сиёсати байни ҷавонони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Машидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мувофиқи маълумоти пешакӣ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор ӯрдугоҳҳои наздимактабӣ, беруназшаҳрии меҳнату истироҳат, ва ӯрдугоҳҳои варзишию тансиҳатӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ ташкил карда мешаванд. Дар ӯрдугоҳҳо кӯдакону наврасон метавонанд, дар ду – се баст ва дар баъзеи онҳо дар чор баст истироҳат кунанд.Тобистони соли равон дар ӯрдугоҳҳо қариб 350 ҳазор нафар кӯдакону наврасони кишвар истироҳат хоҳанд кард. Бо назардошти баландшавии нархи маводи ғизоӣ, пардохти пули сафар ва хизматрасонии коммуналӣ арзиши як роҳхат қариб 500 сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта арзиши як роҳхат ба ӯрдугоҳи иттифоқҳои касаба баробари 440 сомонӣ буд. Пардохти волидайн аз 15 то 20 фоизи арзиши роҳхатро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






