3 декабр- минбаъд рӯзи дружиначиён

Май 17, 2012 12:04

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз, 17 май дар шаҳри Душанбе анҷумани умумиҷумҳуриявии аъзои Дружинаҳои ихтиёрӣ бургузор гардид. Дар кори анҷуман вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов, сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намуда, доир ба фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, сафарбарии онҳо ба хизмат барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамчунин вобаста ба масълаҳои ҷалби аҳолӣ ба ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.Муовини аввали сардори РКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҳотам Додобоев дар баромади худ зикр кард, ки танҳо дар вилояти Суғд имрӯз 4103 нафар дружиначии ихтиёрӣ фаъолияти мунтазам дошта, сардоронашон бо маоши муайян таъминанд.Бояд зикр кард, ки дружиначиёни ихтиёрӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» аз 3 декабри соли 2009 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 августи соли 2010 ташкил ёфта, фаъолият доранд. Вазифаи асосии дружиначиёни ихтиёрӣ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ , ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва ҷомеа мебошад.Бо пешниҳоди вазири корҳои дохилӣ минбаъд 3 декабр ҳамчун рӯзи дружиначиён қайд карда мешавад. Дар хотима иштирокчиёни анҷуман аз ҷараёни таълиму тарбия дар Академияи ВКД ҶТ ва якчанд минтақаи маъмурии милитсия дидан намуданд.

Май 17, 2012 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад