5 май дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ
Душанбе, 2 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 май дар асоси қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ эълон карда шудааст. Ин тадбир бо мақсади ободонии оромгоҳу пайкара, лавҳаҳои ёдгории қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ /ҶБВ/, таъмини тозагии Боғи мемориалии «Ғалаба», майдони «Ғалаба», хиёбону кӯчаҳо ва гулгаштҳои пойтахт андешида шудааст. Инчунин тибқи қарори марбута аз роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт хоҳиш карда шудааст, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кӯмаки моддӣ расонанд. Ҳамзамон аз раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як сокини шаҳри Душанбе хоҳиш карда шудааст, ки тибқи Маромномаи сокини пойтахт ба таври ҳамешагӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат таваҷҷӯҳи хоса, ғамхорӣ ва муносибати нек зоҳир намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






