600 кг маводи нашъадор нобуд карда шуд

Май 16, 2012 16:47

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, 16 май дар тафдонҳои заводи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе, бо иштироки роҳбарияти Раёсати тафтишотӣ, Раёсати амнияти дохилии ВКД, намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма 600 кг маводи нашъадор сӯзонида шуд. Аз ин миқдор 94 кг героин, 32 кг афюн, 477 кг бангдона, 1929 адад ҳаб, яъне таблетка аз рӯи 157 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбаташон ҳукми суд баромадааст, маҳв карда шуд. Ёдрас менамоем, ки вобаста ба ин 200 нафар шаҳрванд бо ҷурми фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста ва равонаи зиндон шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.

Май 16, 2012 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад