600 кг маводи нашъадор нобуд карда шуд
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, 16 май дар тафдонҳои заводи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе, бо иштироки роҳбарияти Раёсати тафтишотӣ, Раёсати амнияти дохилии ВКД, намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма 600 кг маводи нашъадор сӯзонида шуд. Аз ин миқдор 94 кг героин, 32 кг афюн, 477 кг бангдона, 1929 адад ҳаб, яъне таблетка аз рӯи 157 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбаташон ҳукми суд баромадааст, маҳв карда шуд. Ёдрас менамоем, ки вобаста ба ин 200 нафар шаҳрванд бо ҷурми фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста ва равонаи зиндон шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






