8 май- Рўзи ҷаҳонии СС

Май 8, 2012 14:14

Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамасола 8 май дар саросари ҷаҳон чун Рўзи байналмилалии Салиби Сурх ҷашн гирифта мешавад. Эрик Мишел, намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх дар Тоҷикистон гуфт: дар Тоҷикистон тамоми моҳи май ин сана таҷлил гардида, он барои аъзо ва ихтиёриён ҷамъият имкон медиҳад, ки фаъолияташонро хубтару бештар намоянд ва бовар дорам, ки бо чунин амал эътибори шахсони хайрхоҳу накўкор, ки дасти фитодагонро мегиранд, ба маротиб меафзояд. Мавриди зикр аст, ки санаи таҷлили Рўзи байналмилалии Салиби Сурх ба рўзи мавлуди Анри Дюнан (8-05-1928), ташаббускор ва асосгузори Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тавъам аст. Ин ниҳоди башардўстонаи байналмилалӣ дар мавриди расонидани кўмакҳо ба шахсони ниёзманду осебпазир ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа фаъолияти густурда дорад.

Май 8, 2012 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад