80- солагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 2 майи соли равон дар бораи таҷлили 80-солагии таъсиси Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба тасвиб расид. Бо назардошти нақши Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар тарбияи мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ баҳри ҳифзи сиҳатии омма 21 майи соли равон 80-солагии таъсиси ин таълимгоҳ ботантана таҷлил мешавад. Мутобиқи нақша баргузор намудани вохӯрию маҳфилҳо бо олимони варзида, собиқадорон, таҳияву нашри маҷалла ва буклет, конфронси илмию назариявӣ, инчунин семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Асосҳои рушди таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тарҳрезӣ гардидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






