Афзоиши теъдоди ВИЧ

Май 3, 2012 09:15

Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чунон ки аз маркази мубориза бо СПИД ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар се моҳи аввали соли 2012 дар ҷумҳурӣ 238 нафар гирифторои бемории ВИЧ –ангезандаи бемории масъунияти бадан –СПИД ошкор карда шудаанд.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ташхиси 117 ҳазору 600 нафар сокини кишвар 238 нафар ангезандаи бемории ВИЧ муайян карда шуд. Дар айни замон гирифторони бемории ВИЧ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳазору 84 нафарро ташкил медиҳанд, ки 940 нафари онҳо зан мебошад. Аз шумораи умумии беморони мубталои СПИД 52 фоиз тавассути истеъмоли маводи мухаддир ва 30 фоиз бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин беморӣ гирифтор гардиданд. Беморони ВИЧ дар байни ноболиғони то 14 — сола низ ба қайд гирифта шудааст.

Май 3, 2012 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!