Анҷумани якуми косибони Тоҷикистон

Май 31, 2012 11:14

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо ибтикори ширкати CESVI — и Итолиё ва Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе анҷумани якуми косибони Тоҷикистон баргузор гардид.Дар кори анҷуман косибони минтақаҳои Тоҷикистон, гурӯҳи кории Иттифоқи косибони ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони бахши косибӣ ширкат доштанд.Масъалаҳои асосии рӯзномаи анҷуман иборат аз воқиф намудани иштирокдорони он аз тадбирҳои Иттифоқи косибони Тоҷикистон, муҳокимаи Оиннома ва ҳуҷҷатҳои дигари Иттифоқ, интихоби роҳбарон ва аъзои раёсати Иттифоқ, муайян намудани шартҳои воридшавӣ ба аъзогии Иттифоқ ва ғайра буданд.Дар анҷуман роҳбари лоиҳаи CESVI Давид Коста ва раиси Раёсати иттифоқи косибони Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева сухан карданд.Ҳамчунин мушовири бахши косибӣ Н. Здравкова аз хусуси проблемаҳои мавҷудаи косибон нақл намуд. Мувофиқи суханони ӯ, дар Тоҷикистон ба манзури ривоҷ додани бахши косибӣ лоиҳаи махсус арзи вуҷуд дорад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти косибон тренингҳои мухталиф роҳандозӣ шудаанд. Ҷиҳати ба бозори ҷаҳон баровардани маҳсулоти косибони Тоҷикистон дар оянда аз Олмон мутахассисони бахши маркетинги маҳсулот ва фурӯши он даъват карда мешаванд.

Май 31, 2012 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд