Анвар Юнусов-соҳиби “Ҷоми Губернатори Санкт-Петербург”
Душанбе, 18 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Чемпиони Осиё Анвар Юнусов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Губернатори Санкт-Петербург” дар вазни 56 кг ҳарифони худ Александр Никитин, Назир Баллаев (Русия) ва Виторио Паринеллоро (Италия) мағлуб карда, сазовори ҷои аввал гардид.Анвар Юнусов аввалин варзишгарест, ки роҳхати олимпии Лондон- 2012-ро ба кишвари мо овардааст ва имрӯз тибқи шартнома дар ҳайати дастаи “Динамо”-и Маскав дар мусобиқаҳои WSB (Мусобиқоти бокси ҷаҳонӣ) ширкат менамояд. Дар ин замина ӯ 5 вохӯрӣ гузаронида, дар 4-тои он ғолиб омадааст ва дар як рақобат ба шикаст рӯ ба рӯ шудааст. Анвар дар вазни 56 кг дар таснифоти AIBA(Асотсиатсияи дӯстдорони бокс) дар зинаи аввал қарор дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






