Арзёбии ҳолати омори гендерӣ дар соҳаи ҳифзи иҷимоӣ
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Агентии омор дар мавзӯи «Арзёбии ҳолати омори гендерӣ дар соҳаи ҳифзи иҷимоӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Он дар доираи лоиҳаи «Гендер ва идораи демократӣ барои рушд ва пешниҳоди хизматҳои заминавӣ барои занон барпо шуд. Дар кори он мутахассисони Агентӣ, ки бо омори иҷтимоӣ кор мебаранд, иштирок карданд Дар чорабинӣ мутахассисони хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, агентиҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират; суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа; хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалии «ООН женщины», ЮНИСЭФ, ФҶ «Панорама» иштирок доштанд. Диққати махсус ба мониторинги мунтазам дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ки барои таҳияи чорабиниҳои самараноки сиёсати соҳа ва арзёбии зуҳуроти онҳо барои табақаи камбизоат муҳим мебошад, равона карда шуд. Фикру андешаҳо дар бораи зарурати гирифтани маълумот аз рӯи ҷинс ва синни шахсоне, ки дар муассисаҳои табобатӣ ҷойгир ҳастан; дар бораи шумораи кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд; дар бораи шумораи заноне, ки барои таваллуди кӯдак кӯмакпулӣ мегиранд, дар бораи шахсони имтиёздор – гирандагони кӯмакҳои иҷтимоӣ аз рӯи хизматрасониҳои санаторию беҳдоштӣ; дар бораи шумораи шахсоне, ки ҷубронпулӣ мегиранд; дар бораи пардохт ва андозаи ҷубронпулиҳо барои хонандагони синни 7-15 солаи оилаҳои камбизоат ва ғайра баён шуданд. Иштирокчиёни семинар тавзеҳот ва пешниҳодҳояшонро доир ба беҳтар намудани ҳамоҳангии фаъолияти мутахассисоне, ки барои ҷамъоварии маълумоти омори гендерӣ машғул ҳастанд ё масъул мебошанд, иброз намуда, тавсияҳоро дар бораи азнав баррасӣ намудани шаклҳои ҳисоботӣ бо назардошти омилҳои гендерӣ, пешниҳоди ҳисоботи электронӣ, ҳамчунин бартараф намудани нишондиҳандаҳое, ки такрор мешаванд, кабул намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






