«Аустон» «Норак»-ро таҷдид менамояд

Май 24, 2012 11:43

Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бонки осиёии Рушд дар асоси Созишномаи грантӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру навсозии зеристгоҳи Нерўгоҳи барқи обии «Норак» 54, 7 миллион доллар ҷудо менамояд.   Дар робита ба ин палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд доир ба лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ дар Нерўгоҳи барқи обии Норак»-ро ба тасвиб расонид, ки ҳадафаш иваз намудани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пўшидаи 500 кВ дар НБО – и Норак бо истифода аз таҷҳизоти навини элегазӣ аст. Ширкати олмонии «Аустон» дар асоси тендер лоиҳаи мазкурро иҷро менамояд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамзамон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнӣ лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо меститсидҳо ва агрокимиёҳо» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Ҳадафи лоиҳаи қонунҳои мазкур дар амал татбиқ намудани «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013», муқаррар намудани тобеияти судии парвандаҳое, ки аз ҷониби судҳои ҳакамӣ баррасӣ мегарданд ва тақвияти раванди пазириши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо аст.

Май 24, 2012 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад