«Аустон» «Норак»-ро таҷдид менамояд
Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бонки осиёии Рушд дар асоси Созишномаи грантӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру навсозии зеристгоҳи Нерўгоҳи барқи обии «Норак» 54, 7 миллион доллар ҷудо менамояд. Дар робита ба ин палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд доир ба лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ дар Нерўгоҳи барқи обии Норак»-ро ба тасвиб расонид, ки ҳадафаш иваз намудани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пўшидаи 500 кВ дар НБО – и Норак бо истифода аз таҷҳизоти навини элегазӣ аст. Ширкати олмонии «Аустон» дар асоси тендер лоиҳаи мазкурро иҷро менамояд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамзамон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнӣ лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо меститсидҳо ва агрокимиёҳо» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Ҳадафи лоиҳаи қонунҳои мазкур дар амал татбиқ намудани «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013», муқаррар намудани тобеияти судии парвандаҳое, ки аз ҷониби судҳои ҳакамӣ баррасӣ мегарданд ва тақвияти раванди пазириши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






