Аввалин ҷаласаи ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2012»
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2012» таҳти раёсати муовини аввали директори агентӣ, сардори ситод — Вайсиддин Азаматов доир гардид.Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012», ҳамчунин ҳамкории вазорату идораҳои ширкаткунанда дар татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Нақшаи чорабиниҳои роҳандозии амалиёти Кӯкнор-2012, ки ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади коркарди амалҳои якҷоя доир ба бастани роҳҳои ворид гардидани мухаддирот, интиқол, истеҳсол ва фурӯши он, дарёфти маълумот перомуни муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовари растанинасаб ва муайян намудани объектҳои дарбаргирандаи чорабиниҳо, таъмини назорати иҷрои супоришот, ошкорсозӣ ва нобудсозии воситаҳои нашъаовари худрӯй, ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолиро дар бар мегирад, тасдиқ шуд.Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг ва тандурустӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар иштирок намуданд.Амалиёти «Кӯкнор – 2012» дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар сол гузаронида шуда, имсол аз 20-уми май оғоз ва 30-юми ноябри соли 2012 ба анҷом мерасад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






