Ба Қонуни ишораҳои ҷуғрофӣ тағйирот ворид мешвад
Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» тағйирот ворид мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир гардид, муҳокима шуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шўро ҳамзамон масъалаҳои ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»,«Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»- ро матраҳ намуданд. Инчунин масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои андоз ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи ин қонунҳо бо мақсади такмили фазои ҳуқуқии кишвар таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба Шўро ироа гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






