Бахшида ба рӯзи ҷавонон
Файзобод, 24 май. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Бахшида ба рӯзи ҷавонон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Дар ҷамъомад раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов, намояндагони нӯҳ ҷамоати деҳоти ноҳия ва раисони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.Дар ин рӯз масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонони ноҳия, саҳми ҷавонон дар ҷомеаи навини озоду соҳибистиқлоли мо баррасӣ гардид. Инчунин мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ бо ширкати ҷавонон баргузор шуданд. Дар ин бора ба мо мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ноҳияи Файзобод Умедҷон Раҳимов иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






