Барқияи табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Франсуа Жерар Жорж Олланд
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Франсуа Жерар Жорж Олланд ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия табрикнома ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст: Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро бифиристам. Ҷониби Тоҷикистон маҷмӯи ҳамкориҳои босамари дуҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад. Боиси қаноатмандист, ки бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҳамёрии созанда ба роҳ монда шудааст ва онҳо рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд. Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз Франсия равобити ҳасана ва ҳамкориҳои мутақабилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд. Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






