Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Амири Давлати Қатар
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Волоҳазрат, Амири билод, Аз хабари рух додани сӯхтор дар маркази тиҷоратии ад-Давҳа, ки ба ҳалокати 19 нафар оварда расонидааст, огоҳ гашта, ниҳоят андӯҳгин шудам. Махсусан ҳалокати 13 нафар атфол моро сахт ғамгин сохт. Таманно дорам, ки боқимондаи осебдидагони ин фоҷиа ҳар чи зудтар шифои комил ёбанд. Ҳоҳишмандам тасаллият ва ҳамдардии моро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед. Худо ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






