Баргузории ҷаласаи АБИИАО

Май 17, 2012 12:07

Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар қасри Таврическийи Санкт-Петербурги Русия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё /АБИИАО/ баргузор гардид. Дар он 12 масъалаи фарогири мавзӯъоти тағйир додани ҳайати Бюро ва Ассамблеяи байнипарлумонии АБИИАО, интихоби муовинони раиси АБИИАО, ҷараёни ташаккулу такомули сохтори Иттиҳоди мазкур, маблағгузории фаъолияти онро баррасию ҷонибдорӣ намуда ва ба рўзномаи 14-умин ҷаласаи АБИИАО ворид намуданд.Тибқи иттилои Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ баъдан дар маҷлисгоҳи қасри Таврическийи Санкт-Петербург ҷаласаи АБИИАО доир шуд, ки он таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷаласа ҳайатҳои парлумонии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, ниҳодҳои масъули байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва намояндагони кишварҳои нозир ширкат варзиданд.Ҳайати парлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ бо назардошти интихоботи парлумонии дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия доир гардида, роҳбарони парлумонҳои ин кишварҳоро ба мақомоти роҳбарикунандаи АБИИАО интихоб карда, намояндагони парлумонхоро ба узвияти комиссияҳои марбутаи доимии он шомил намуданд ва доир ба дигар масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карданд. Шоми 16 май ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори Шўрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ширкат варзид.

Май 17, 2012 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад