Баргузории ҷаласаи АБИИАО
Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар қасри Таврическийи Санкт-Петербурги Русия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё /АБИИАО/ баргузор гардид. Дар он 12 масъалаи фарогири мавзӯъоти тағйир додани ҳайати Бюро ва Ассамблеяи байнипарлумонии АБИИАО, интихоби муовинони раиси АБИИАО, ҷараёни ташаккулу такомули сохтори Иттиҳоди мазкур, маблағгузории фаъолияти онро баррасию ҷонибдорӣ намуда ва ба рўзномаи 14-умин ҷаласаи АБИИАО ворид намуданд.Тибқи иттилои Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ баъдан дар маҷлисгоҳи қасри Таврическийи Санкт-Петербург ҷаласаи АБИИАО доир шуд, ки он таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷаласа ҳайатҳои парлумонии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, ниҳодҳои масъули байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва намояндагони кишварҳои нозир ширкат варзиданд.Ҳайати парлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ бо назардошти интихоботи парлумонии дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия доир гардида, роҳбарони парлумонҳои ин кишварҳоро ба мақомоти роҳбарикунандаи АБИИАО интихоб карда, намояндагони парлумонхоро ба узвияти комиссияҳои марбутаи доимии он шомил намуданд ва доир ба дигар масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карданд. Шоми 16 май ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори Шўрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ширкат варзид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






