Барои се соли дигар мораторий эълон мегардад
Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 23 майи соли 2012 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторийи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул намуданд. -Ҳадаф аз таҳия ва қабули лоиҳаи қонуни мазкур рушди иқтисодиёти миллӣ, соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлатӣ мебошад», гуфт дар назди вакилон Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Мавсуф афзуд, ки бо қабули қонуни мазкур минбаъд соҳибкороне, ки корхонаҳои саноатӣ месозанд ва таҷҳизоту технологияи муосир ворид намуда, онро дар истеҳсолот роҳандозӣ менамоянд, муддати се сол аз тамоми намуди санҷишҳо озод карда мешаванд. Зикр шуд, ки қаблан чунин мораторий соли 2008 ба мўҳлати ду сол дар Тоҷикистон эълон гардида буд, ки он ба рушди соҳибкорӣ дар кишварамон мусоидат намуд. Ҷиҳати татбиқи раванди қонуни мазкур Комиссияи давлатӣ созмон дода мешавад, ки дар ҳайти он намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ шомил мегарданд. Санҷиши таҷҳизоту технология барои истеҳсолот, ки аз кишварҳои хориҷӣ ворид мешаванд, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссияи мазкур маҳсуб меёбад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторийи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» баъди имзои санад аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ва интишори он дар нашрияҳои расмӣ ба ҳукми қонун медарояд.